Тоҷикистон - Ҷолиб ва дастрас!


       Ҷамъияти дорои масъуляти маҳдуди  Пойгоҳи куҳнавардию сайёҳии “Артуч” – туроператори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз соли 2005 инҷониб тибқи иҷозатнома дар самти сайёҳӣ фаъолият намуда, ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ менамояд.

      Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр, дар мавзеи зебоманзари дараи Уреҷи кӯҳҳои Фон ҷойгир буда, онро кӯҳҳо бо қуллаҳои барфпӯш ва арчазорон иҳота кардаанд. Баландтарин қуллаи куҳҳои Фон “Чимтарға” буда, баландиаш 5489 м-ро ташкил медиҳад. Ин мавзе бо манзараҳои зебо ва ҷолиби худ машҳур шуда,  ҳамасола шумораи зиёди кӯҳнавардону сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Панҷакент, ҷ.д.Рӯдакӣ
Телефонҳо:  +992 928886888 +992 927307939 

БО МО АЗ САФАРИ ХУД ҲАЛОВАТ БАРЕД!

БО МО ТАМОС ГИРЕД

ШАРҲИ ПОЙГОҲ


     Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «АРТУЧ» дар мавзеи “Чилчашма”-и дараи зебоманзари Уреҷи деҳаи Артуч, ки куҳҳои сарбаланду сарсабзи пур аз арчазорон иҳота кардаанд ҷойгир буда, фаъолияти худро пас азнавсозӣ соли 2005 оғоз кардааст. Вобаста ба дархости мизоҷони худ утоқҳои муҷаҳҳаз барои истироҳат ва хизматрасониҳои гуногун оиди сайру сайёҳат  пешкаш менамояд. Пойгоҳ дорои алоқаи радио, алоқаи мобилӣ ва кормандони пурмасъул мебошад.

Шумораи ҳуҷраҳо бо утоқҳо барои ҳар гуна буҷет нишон дода мешаванд.  Дар пойгоҳ утоқҳои каммасраф,миёна, хубтар ва инчунин ҷойҳои барои хаймаҳо мавҷуданд.

Пойгоҳ дорои қаҳвахонаи хубу бароҳат буда, меҳмононро бо хӯроки гарм таъмин менамояд. Дар ин ҷо асосан таомҳои болаззату серғизои миллии  аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда мешаванд.  Дигар намуди таомҳо ва таомҳои нисфирӯзӣ ва шом бевосита бо хоҳиш ва дархости мизоҷон тайёр карда мешаванд.

(бештар инҷо…)

  • Эконом, Стандарт, Хубтар
  • Нақлиёт
  • Анбори таҷҳизотҳо
  • Хизматрасонӣ
  • Қаҳвахона
  • Таваққуфгоҳ
  • Хизматрасонии роҳбаладӣ
  • Ҳаммом / Сауна
  • Wi-Fi

ШАРҲИ САЙЁҲ


Муҳтарам кормандони пойгоҳи Артуч!!! Ташаккур ба шумо барои ташкили истироҳати бароҳат дар пойгоҳи худ ва дар кӯҳҳо!! Рахмати махсус ба Хуршед барои ташкили хатсайр. Ҳамаи хизматрасониҳо бо сифати хуб анҷом дода шуд !! Ман мехоҳам ин пойгоҳро ба ҳама дӯстдорони кӯҳистон тавсия диҳам. Мо ба ҳамаи кормандони пойгоҳ ва дар кори шумо муваффақият мехоҳем. Шумо барои кушодани дари олами аҷиб ва зебои кӯҳҳои Фон кумак мекунед!! Сипос!! Мо пойгоҳи шуморо ба ҳама тавсия медиҳем.
Бо эҳтиром ва муҳаббат Маркази Парайогаи ш.Санкт-Петербург

Татяна ЛебедеваСанкт-Петербург

Ширкати Артуч дар Тоҷикистон
1. Сюрпризи калон
2. Сафари аҷиб
3. Хеле хуб ташкил карда шудааст
4. Роҳнамои хеле ботаҷриба
5. Ронандаи хеле хуб
6. Ҷойҳои хуб барои иқомат
7. Ташаккур ба шумо барои ташкили  сафар
8. Мо шуморо дар Швейтсария тавсия медиҳем

Элизабет ва ТомасШвейцария

Ташаккур ба кормандони Пойгоҳи Артуч, ки ба душвориҳои кӯҳистон нигоҳ накарда ин мавзеро ободу зебо гардонидаанд. Истироҳати мо дар пойгоҳ хело хубу бофароғат гузашт. Пойгоҳро ба дӯстону пайвандонам тавсия медиҳам. Ҳатман ба инҷо омада аз табиати зебо дидан намоед! Боқӣ ба Шумо барори кор хоҳонам.

Бобоев Бахтиёрш.Душанбе

МАЪЛУМОТҲО


БЕҲТАРИН ПОЙГОҲИ КӮҲНАВАРДӢ 2020
ҶДММ “Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳҳии Артуч” ҳамчун аъзои созмони Алянси байналмилалии сайёҳии кӯҳии IMTA,  дар номинатсияи “беҳтарин пойгоҳи кӯҳӣ ва хаймазанӣ” иштирок намуда ва тибқи хулосаи аъзои ҳакамон соҳиби ҷои аввал ва  ҷоиза гардид.   . . . бештар инҷо
Тозагӣ - ҷавҳари табиат
Ҳамасола Аксияҳои «Тозагӣ – ҷавҳари табиат» гузаронида мешаванд. Минтақаҳои Фон аз партов ва пластмасса, ки дар мавсими сайёҳӣ монда буданд, тоза карда мешавад.
АЛОҚА ДАР КӮҲҲОИ ФОН
Комилан равшан аст, ки дар табиат, дур аз тамаддун, бе муошират мондан ғайриимкон аст. Дар пойгоҳ гурӯҳҳои сайёҳӣ метавонан аз хизматрасонии алоқаи радиоӣ истифода буда, дар хар вакт ба пойгоҳ мурочиат карда, ёрй пурсанд ё аз вазъият хабар диҳанд. Хизматрасонии алоқаи радиоӣ ҳоло дар пойгоҳи кӯҳнавардии Артуч дастрас аст.