Фотогалерея


Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии “Артуч”


        Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» дар мавзеи дараи Уреҷи кӯҳҳои Фони шаҳри Панҷакент, дар баландии 2200 м ҷойгир аст. Ҳаводорони сайру сайёҳатро ҳамасола барои боздид ба табиати зебоманзар, кулҳои зебо ва дарёчаҳою чашмасорони ин мавзеи даъват мекунад, ки дар пойгоҳ ба истироҳаткунандагон ва сайёҳони хориҷу дуру наздик шароити хуби истироҳатию фароғати фароҳам оаварда шудааст.

       Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «АРТУЧ» дар мавзеи “Чилчашма”-и дараи зебоманзари Уреҷи деҳаи Артуч, ки куҳҳои сарбаланду сарсабзи пур аз арчазорон иҳота кардаанд ҷойгир буда, фаъолияти худро пас азнавсозӣ соли 2005 оғоз кардааст. Масофа байни Пойгоҳ  аз шаҳрҳои Душанбе-280 км, Хучанд-285 км, Панҷакент-70 км ва  Самарканди Ҷумҳурии Узбекистон 140 км ташкил медиҳад. Пойгоҳ дорои табиати зебои нотакрор бо тамддуни муосир омехташуда ва меҳмоннавозии тоҷикона мебошад. Вобаста ба дархости мизоҷони худ утоқҳои муҷаҳҳаз барои истироҳат ва хизматрасониҳои гуногун оиди сайру сайёҳат  пешкаш менамояд. Пойгоҳ дорои алоқаи радио, алоқаи мобилӣ ва кормандони пурмасъул мебошад.

Дар масофаи 40 дақиқа аз Пойгоҳи «Артуч» дар мазеи зебоманзари “Кули Чукурак” варзишгоҳи табии куҳнавардӣ мавчуд аст, ки дорои имконияти беҳтарин барои такмили варзиши кӯҳнавардӣ дар шароити бароҳат мебошад. Дар он кӯҳнавардони синну соли гуногун машк карда метавонанд. Дар наздикии варзишгоҳ кӯли зебои дар боло номбурда мавҷуд аст, ки дорои майдони сабз буда,  дар онҷо истироҳаткунандагон ва варзишгарон метавонанд бо оила ва дӯстон вақти хуш гузаронанд. Пойгоҳи сайёҳӣ ҳамасола гурӯҳҳои оилавӣ, сайёҳон ва варзишгаронро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ИДМ ва дигар давлатҳоро қабул мекунад.
Пойгоҳ дар байни сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ, ки ба кӯҳҳои Фон меоянд маъмул  аст.  Шумораи ҳуҷраҳо бо утоқҳо барои ҳар гуна буҷет нишон дода мешаванд.  Дар пойгоҳ утоқҳои каммасраф,миёна, хубтар ва инчунин ҷойҳои барои хаймаҳо мавҷуданд.

Пойгоҳ дорои қаҳвахонаи хубу бароҳат буда, меҳмононро бо хӯроки гарм таъмин менамояд. Дар ин ҷо асосан таомҳои болаззату серғизои миллии  аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда мешаванд.  Дигар намуди таомҳо ва таомҳои нисфирӯзӣ ва шом бевосита бо хоҳиш ва дархости мизоҷон тайёр карда мешаванд.

Пойгоҳи Артуч ҳамасола — аз 1 май то 1 октябр фаъолият менамояд.
Дар ҳудуди лагери Артуч танҳо алоқаи мобилии оператори тоҷикии TCELL мавҷуд аст.

Нархномаи хизматрасониҳо инҷо….

Мо боварӣ ҳосил мекунем, ки сафари шумо фаромӯшнашаванда хоҳад буд.

Хуш омадед ба Пойгоҳи Артуч – Тоҷикистон!
Сайёҳатро бо Мо оғоз намо!

НАВОРИ ВИДЕОӢ